kfwII-39 «Сохтмони бинои таълимии 8-синфхона дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №41, деҳаи Чоргул, ҷамоати деҳоти Зафар, ноҳияи Фархор»
Ин лоиҳаи ниҳоӣ мебошад, ки БМИМТ дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми Барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ” рӯзи 27 марти соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.
Дар тарҳрезии бинои мазкур, мутахассисони БМИМТ, Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналхалқӣ (GIZ) ва ширкати олмонии мушовирии оид ба меъморию банақшагирӣ (GOPA) саҳми арзанда гузоштаанд
Як тарафи бино бо се қабат шишаи ғафси 4 мм. пурра шишабандӣ шуда, тараф боқимонда бо девори хиштӣ ва кафки пластикӣ бардошта шудааст.
Дар дохили бино камераҳои гарминигоҳдорӣ сохта шуда, бо сангҳои ҳаҷман миёна пур карда шудааст. Ҳавои гарм аз камераҳо ба синфхонаҳо бо воситаи бодкашҳо дода мешавад.
Инчунин, дар боми бино 20 коллектори бодӣ офтобӣ насб гардидааст, ки гармии офтоб тавассути коллекторҳои бодӣ офтобӣ ба камераҳои гарминигоҳдорӣ ворид мегарданд.
Ҳамзамон, 16 панели офтобӣ барои тавлиди барқ насб гардида, аккумуляторҳоро бо барқ таъмин мегардонанд, ва ба синфхонаҳо равшанӣ медиҳанд.
Барои нигоҳ доштани гармӣ дар дохили бино фаршу сақф ва деворҳои он низ бо масолеҳи гарминигоҳдоранда муҷаҳҳаз гардонда шудааст.