Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон рӯзи 27 декабри соли 2016, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, деҳаи Мирзообод, ҷамоати деҳоти Калинин, ноҳияи А.Ҷомӣ биноҳои нави таълимӣ ва технологиро мавриди истифодабарӣ қарор дод.
Деҳаи Мирзообод дар масофаи 2 км. аз маркази ноҳия ва 500 метр аз маркази ҷамоати Калинин воқеъ гаштааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар саршавии деҳаи Мирзообод ҷойгир буда, соли 1955 аз тарафи собиқ хоҷагии Куйбишев бунёд шудаааст. Шумораи умумии хонандагон 757 нафарро ташкил медиҳанд.
Сабаби асосии оғоз ёфтани лоиҳаи KfWIII-01 аз норасоии ҷойҳои нишаст дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 буда, мақсади лоиҳаи KfWIII-01-1 муҳайё намудани шароити лозима барои гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат мебошад.
Мувофиқи лоиҳа бинои нави мактабӣ аз 10 синфхона ва утоқи сарвар иборат буда, дар як баст 240 хонандаро фаро мегирад. Бинои нави таълимӣ шакли меъмории нимдоира дошта, намои пеши бино ва синфхонаҳо ба тарафи ҷануб нигаронида шуда, дар фасли зимистон нури офтоб рост ба синфхонаҳо паҳн мегардад, ки барои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ мусоидат менамояд.
Бинои технологӣ аз се синфхонаи алоҳида иборат буда, бо таҷҳизоти зарурӣ барои гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат, ки дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) муайян гардида буд, ҷиҳозонида шудаанд. Ин лоиҳа барои ташкили маркази касбомӯзӣ бо мақсади омӯзонидани асосҳои касбҳои дуредгарӣ, харротӣ, дӯзандагӣ ва пазандагӣ шароиту имконияти мувофиқро фароҳам овардааст. Чунин маркази касбомӯзӣ барои наврасони муассисаҳои таълимии ҳамсоя низ хизмат расонида мешавад.
Инчунин, биноҳои нави таълимӣ бо мебелу воситаҳои таълимии ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Бар замми ин, бинои таълимии баистифодашуда бо шабакаи мустақили гармидиҳӣ ва буғхонаи алоҳида таъмин мебошанд. Инчунин, нуқтаи санитарӣ, панҷараи ҳудуди мактаб ва корҳои ободонӣ иҷро гардидаанд.
Лоиҳаҳои мазкур дар заминаи ҳамкориҳои молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз ҳисоби маблағҳои марҳилаи сеюми Барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ” ба истифода дода шудаанд.
Дар маросими расмии баистифодадиҳии лоиҳаҳои номбурда намояндагони сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти олмонӣ оид ба ташкилдиҳӣ, банақшагирӣ ва омӯзиш (GOPA), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи А.Ҷомӣ иштирок намуданд.
Аксҳои иловагӣ дар саҳифаи "Аксҳо"
27 Декабри 2016

Супоридани биноҳои таълимӣ ва технологӣ дар ноҳияи А.Ҷомӣ – Лоиҳаҳои KfWIII-01 ва KfWIII-01-1
Лоиҳаи KfWIII-01: «Сохтмони бинои дуошёнаи таълимии 10-синфхона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, деҳаи Мирзообод, ҷамоати деҳоти Калинин, ноҳияи А.Ҷомӣ»
Лоиҳаи KfWIII-01-1: «Сохтмони бинои синфҳои технологӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, деҳаи Мирзообод, ҷамоати деҳоти Калинин, ноҳияи А.Ҷомӣ»